Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоев Пулод

Абдуллоев Пулод

Абдуллоев Пулод Абдуллоевич (1906, қишлоқи Кӯлканди ноҳияи Исфара – 1983, ҳамон ҷо), ходими давлатӣ. Аз оилаи деҳқон. Фаъоли­яти меҳнатиаш аз 12-солагӣ шурӯъ шуд. Соли 1924 ба сафи комсомол дохил шуда, курсҳои мактаби партиявию советӣ ва педагогии Самарқанд (1925 – 1926), Университети коммунистии Осиёи Миёна (1932), курсҳои олии сохтмони советии назди КИМ-и СССР (1937), Мактаби олии ташкилотчиёни партиявии назди КМ ВКП (б) (1942-1943)-ро хатм кардааст.

Солҳои 1927 – 1928 котиби Комитети комсомолу 1928 – 1931 раиси комиҷроияи ноҳияи Ис­фара, 1933 – 1936 ҷонишин, баъд раиси комиҷроияи ноҳияи Ҷиликул, соли 1938 ко­тиби Комиҷроияи шаҳри Душанбе, баъд парторги КМ ПК (б) Тоҷикистон, 1938 – 1940 раиси Суди олии республика, 1940- 1943 котиби КМ ПК (б) Тоҷикистон, 1943 – 1961 вазири назорати давлатии республи­ка ва ҷонишини раиси Комиссияи на­зорати советии Советӣ Вазирони РСС Тоҷикистон.

Аз соли 1961 нафақагири шахсӣ. Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, 4 ордени «Нишонаи Фахрӣ», медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совета Олии РСС Тоҷикистон сарфа­роз гардидааст. Дар зодгоҳаш нимпайкара ва кғчаеро ба ёдбуди Абдуллоев гузоштанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …