Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллоев Нурулло

Абдуллоев Нурулло

Абдуллоев Нурулло (Нуруллои Абдулло) (таваллудаш 6.11.1948, деҳаи Лучоби ноҳияи Варзоб), актёр ва драматург, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2005). Хатмкардаи шӯъбаи актёрии Донишкадаи ДДСТ ба номи М. Турсунзода (1975). Фаъолияти меҳнатиаш ҳанӯз ҳангоми донишҷӯӣ ба сифати коргари саҳна дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ шурӯъ шуда, аз соли 1975 чун актёр ва режиссёр дар теат­ри номбурда фаъолият менамояд.

Абдуллоев маҳорати баланди ҳунарӣ дорад, ҷаҳони ботинии қаҳрамононашро  хуб дарк мекунад ва амиқ мекушояд. Дар саҳнаи театр беш аз 150 рол бозидааст. Ролҳои беҳтаринаш дар I театр: Муфаттиш («Бадқасд»-и А. Чехов), Аврангзеб («Зебуннисо»-и М. Шералӣ ва Ш. Қиёмов), Ноиби козикалон («Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода), Леонидик («Марати бечораи ман»-и А. Арбу­зов), Гратсио («Ҳамлет»-и У. Шек­спир), Шокиров («Раъно»-и Н. Исломов), Абдулло («Қиёми Лоҳутӣ»-и Абдуллоев 20 Атобоев), Вахтанг Мебуке («Вақте ки ки шаҳр хуфта буд»-и А. Чхаидзе), Креонт («Шоҳ  Эдип»-и Софокл), Моҳрӯй («Ғуруби Аҷам»-и Ҷ. Қуддус), Амир Наср («Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и М. Бахтӣ), А. Раҳим боев («Драмаи миллат»-и С. Айюбӣ) ва ғайра.

Дар теат­ри драмаи русии ба номи В. Маяков­ский низ як силсила ролҳо бозида­аст. Ҳамчун актёри кино истеъдодаш дар бисёр филмҳои бадеии тоҷикӣ, аз қабили «Тирпаронӣ дар ағба», «Дом барои шағолон», «Духтарони «Суғдиён», «Нахи нуқратоб», «Марди роҳ» ва ғайра зуҳур кардааст. Дар киностудияҳои ИДМ ва Эрон низ ролҳо бозидааст. Абдуллоев дар филмҳои телевизионии тоҷикии «Тақвими интизорӣ», «Зистан мехоҳад», «Оғози умри ҷовид», «Ҷомӣ ва Навоӣ», «Дар орзуи падар» ва ғайра ролҳои хотирмон иҷро кардааст. Беш аз ду даҳсола барандаи барномаи теле­визионии «Бегараз панд» мебошад. Муаллифи асарҳои калонҳаҷми драмавии «Кӯҳистонӣ», «Афсонаҳои муйсафед», «Ҷеғ зан, Искандарата», «Хонадомод», «Куҷо равонаем?», «Шикасти умед», «Ҷанҷоли сари пода» ва ғайра мебошад. Пйесаҳояш на танҳо дар театрҳои ҷумҳурӣ, балки дар театрҳои шаҳрҳои Москва, Налчик, Хабаровски Федератсияи Россия, То­кио ба саҳна гузошта шудаанд. Як қатор пйесаҳои калонҳаҷми адибони хориҷиро ба тоҷикӣ гардондааст. Аз соли 1994 узви ИН Тоҷикистон ме­бошад. Бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардидааст.

Ос.: Кӯргиреҳ, Д., 2001; 21 тати карни 21, Д., 2010.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …