Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоев Музаффар

Абдуллоев Музаффар

Абдуллоев Музаффар Мансуро­вич (таваллудаш  6. 6. 1967, Конибодом), арбоби низомӣ, генерал-майор (2004). Хатмкардаи Донишкадаи олии Хар­бин автомобилии ш. Уссурийск (1988) ва Академияи ҳарбии автомобилии Россия (2000).

Солҳои 1988 -1992 сардо­ри шӯъбаи автомобили дар қисмҳои низомии Иттифоқи Советӣ (Ленин­град), 1992 – 1993 командири рота дар Артиши Тоҷикистон, 1993 – 1995 сар­дори шӯъбаи автомобилии Коллеҷи Ҳарбии Тоҷикистон, 1995 – 1997 муовини командир ва командири қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001-2005 сардори Ситоди қушунҳои хушкигард, муовини вазири мудофиаи ҶумҳурииТоҷикистон, 2005 – 2006 сардори раёсати Вазо­рати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2006 – 2007 муови­ни раиси Комитети давлатии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007 – 2008 сардори раёсати Коми­тети давлатии амнияти миллим Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2008 – 2010 сардори шӯъбаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2010 нафақагир.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …