Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Абдуллоев Ғаффор

Абдуллоев Ғаффор

Абдуллоев Ғаффор (таваллудаш 1927, деҳаи Деҳқабули ноҳияи Кӯлоб – 1995, ноҳияи Восеъ), механизатор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1973). Хатм­кардаи мактаби механизатории хонагии қишлоқ (1943). То соли 1949 тракторчӣ, баъд мудири агроқитъа ва аз соли 1963 сардори бригадаи комплексии механизатсиякардашудаи колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ буд. Аз соли 1990 нафақагири шахсӣ. Бригадаи Абдуллоев солҳои 1971 – 1972 аз ҳар га 43 сентнерӣ ҳосили пахта рӯёнидаасг. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 8 – 9). Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …