Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоев Файзулло

Абдуллоев Файзулло

Абдуллоев Файзулло (1952, де­ҳаи Нишораки ноҳияи Москва), генерал- майори милитсия. Ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон. Хатмкардаи Институти дав-латии педагогии Душанбе (1979) ва Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993). Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ (1970 -1972), са­фари хизматии дарозмуддат дар Афғонистон (1982 – 1984).

Солҳои 1984— 1990 ваколатдори фаврии Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1990 – 1992 сарваколатдори фаврии Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1992 – 1993 сардори шӯъбаи Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1993 – 1995 муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 1995 – 1996 сардори ШКД шаҳри Конибодоми вилояти  Суғд, 1996 — 1997 му­овини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1997 – 2000 сардо­ри ШКД ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе, 2000 -2003 сардори ШКД ноҳияи Ленин, 2003- 2005 сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2005 – 2006 муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2006 сардори Раёсати Агентии назо­рати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоти Суғд. Бо ордени Спитамен (дараҷаи 1) ва дигарон медалҳо сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …