Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллоев Аҳмадулло

Абдуллоев Аҳмадулло

Абдуллоев Аҳмадулло (1910, деҳаи Каттатоники вилояти Андинони Ӯзбекистон – 13. 9. 1966, Душанбе), сарояндаи тоҷик, Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон (1947). Санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз ҳунарманди номии Андиҷон Қорӣ Камол омӯхтааст. Соли 1930 ба Тоҷикистон кӯчида омад ва то соли 1937 дар собиқ ноҳияи Куйбишев колхозчӣ шуда кор кард.

Соли 1937 сароянда ва навозандаи Театри мусиқии шаҳри Сталинобод (ҳозира Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ) ва аз соли 1938 то охири умр ҳофизи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Суруду оҳангҳои Абдуллоев ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шудаанд.

Истеъдоди баланд ва маҳорати хуби сарояндагии Абдуллоев мах­сусан дар иҷрои сурудҳои «Духтари озоди Ватан» (шеъри М. Аминзода), «Баҳори зиндагӣ» (шеъри Р. Озод), «Ба ғайрам» (шеъри Сайидо), «Парвона медонад» (шеъри А. Лоҳутӣ) ва ғайра зоҳир гаштааст. Абдуллоев аз «Шашмақом» низ чанд суруд иҷро кардааст, ки онҳо ба навор ва грампластинкаҳо сабт шудаанд. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …