Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллоев Абдуманон

Абдуллоев Абдуманон

Абдуллоев Абдуманон (таваллудаш 17. 12. 1950, Конибодом), физиолог- биохимик, доктори илмҳои биология (1994), профессор (2007), Узви вобастаи АИ (2008). Хатмкардаи факултети химияи УДТ (1975). Фаъолияти меҳнатиаш аз кори омӯзгорӣ дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 3 ноҳияи Ҷиргатол оғоз гардидааст. Сипас дар заводи химиявии ноҳияи Исфара кор кар­дааст.

Аспирант (1975 – 1978), лаборанти калон (1978 – 1989), корманди хурди илмӣ (1980 – 1983) ва ходими калони илмии Институти физиология ва биофизикаи растании АИ НТ (1983 – 1985). Аз соли 1985 мудири лабо­раторияи биохи­миям фотосинтези ҳамин институт. Мавзӯи асосии тадқиқоти Абдуллоев фо­тосинтез ва ба­ланд бардоштани ҳосили кишоварзӣ мебошад. Муаллифи 140 асарҳои илмӣ, аз ҷумла 4 мо­нография. Таҳти роҳбарии Абдуллоев 1 нафар рисолаи докторӣ ва 10 нафар рисолаи номзадм химоя намудаанд. Дорандаи Ҷоизаи Комсомол и Тоҷикистон (1980).

Ос.: Фотосиитетический метаболизм углеро­да у хлопчатника, Д., 2001; Белок зерна пшени­цы возделыванной в условиях Таджикистана (хаммуалиф), Д., 2010.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …