Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулло Зокир

Абдулло Зокир

Абдулло Зокир (Зокиров; 1927, деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Хуҷанд – 1982, Душанбе), мутарҷим ва рузноманигори тоҷик. Хатмкардаи факултетити забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педгогии Душанбе (1958) ва шӯъбаи журналистии Мактаби олии партиявӣ дар Алмаато (1964). Дар ВКД, идораҳои Ҳизби коммунистӣ ва журналистӣ, собиқ Кумитаи дав­латии Тоҷикистон оид ба нашриёт, полиграфия ва савдои китоб фаъолият кардааст.

Баъдан муҳаррири ғайра Комсомоли Тоҷикистон» (1965 – 1970), сармуҳаррири редаксияи сиёсии Комитети давлатии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон, котиби масъули Комитети ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ сармуҳаррири Ко­митети давлатии Тоҷикистон оид ба нашриёт, полиграфия ва савдои китоб, муовини сармуҳаррири муассисаи нашриявии «Ирфон» буд. Абдулло Зокир ба таълифи осори бадеӣ – ҳикояҳо ва очеркҳо, тарҷума аз соли 1953 сар кард. Ҳикояҳову очеркҳояш дар маҷмӯаҳои «Ҳудуди шуҷоат», «Оби шифобахш», май. «Садои Шарқ», «Памир» ба табъ расидаанд.

Ҳикоя ва повестҳои нависандаи рус С. Антонов (1959), романи «Нирмола» ва ҳикояҳои Премчанд (1962), маҷмӯаи ҳикояҳои «Чароғҳои Арарат» (1968), ҳикояҳои Ю. Смуул (1971), асари Р. Ҳамзатов «Доғистони ман» (кит. 1 – 1972, кит. 2 – 1975), аса­ри Л. Первомайский «Таърихи инсоният» (1978), қиссаи С. Шоймерденов «Модаравдар» (1976), асари Б. Немсова «Афсонаҳои заррин» (1981) ва ғайраро аз рӯсӣ ба тоҷикӣ гардондааст. Бо медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1980.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …