Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулло Мирзо

Абдулло Мирзо

Абдулло Мирзо (1433 – 1451), ҳокими вилояти Форс дар Мовароуннаҳр (1450-1451). Аз сулолаи Темуриён. Фарзанди хурдии Иброҳим Мирзо, додари Улуғбек. Баъд аз вафоти падараш ҳокими вилояти Форс таъйин гардид. Аз сабаби ноболиғ будани Абдулло Мирзо модараш Руқиябегим дар вилоят ҳукмронӣ мекард.

Соли 1447 баъд аз вилояти Форсро гирифтани амакбаччааш Султон Муҳаммад Мирзо Абдулло Мирзо ба Ҳирот гурехт. Соли 1448 ба дарбори амакаш Улуғбек омада ба духтари ӯ хонадор шуд. Баъд аз Абдуллатиф ба сари тах­ти Мовароуннаҳр нишаст. Абдулло Мирзо дар ҷанг бо даъвогари тоҷу тахт Султон Абусаид Мирзо ҳалок гардид.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …