Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллатифи Яздӣ

Абдуллатифи Яздӣ

Абдуллатифи Яздӣ ибни Абдуллоҳи Кабир (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1639), луғатнависи форсизабони Ҳиндустон. Дар зодгоҳаш касби камол намуда, сипас ба Ҳиндустон рафт ва дар он ҷо кору зиндагӣ кард. Аз ҷумлаи корҳои мӯътабар ва эътирофшудаи Абдуллатифи Яздӣ фарҳанги тафсириест бо номи «Латоиф-ул-луғот».

Ин асар фарҳанги тафсирии вожаҳои «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ мебошад. Тамоми калимаҳои «Маснавии маънавӣ» ба кадом забоне, ки тааллуқ дошта бошанд, дар ин асар ташреҳ шудаанд. Асарҳои дигари лексикографӣ, аз ҷумла «Латоиф-ул- ҳақоиқ», «Шарҳи Ҳадикат-ул-ҳақиқа»-и Саноӣ ба қалами Абдуллатифи Яздӣ тааллуқ доранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …