Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллатифи Шуштарӣ

Абдуллатифи Шуштарӣ

Абдуллатифи Шуштарӣ ибни Абутолиб ибни Нуриддин ибни Неъматуллоҳ ал-Ҳусайнӣ ал-Мусавӣ (15. 8. 1755, Шуштари Эрон – 1806 – 1807, Ҳайдарободи Ҳиндустон), сайёҳ ва муаррих. Абдуллатифи Шуштарӣ охири асри 18 ба мамолики Эрону Ироқ, Арабистону Ҳиндустон сафар карда, хотироташро дар асаре бо унвони «Тӯҳфат-ул-олам» (1801 – 02) нигоштааст.

Китоб арзиши таърихӣ, географӣ, иқтисодӣ, мардумшиносӣ ва тарҷумаиҳолӣ до­рад ва аз ду бахш иборат аст: дар бахши аввал доир ба таърихи бостону асрҳои миёнаи Шуштару Ҳиндустон маълумоти пурарзиш дода шудааст; бахши дуюм аз мушоҳидот ва хотираҳои Абдуллатифи Шуштарӣ дар пайвастагӣ бо таъ­рих, масоили иҷтимоӣ-фарҳангии вилоёти ғарбии Эрон, Ироқ ва Ара­бистону Ҳинд иборат мебошад.

Ин бахш ҳамчунин дар бораи вазъи сиёсии кишварҳои Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна (нимаи дуюми асри 18), ҷанги байни Эрону Россия (1779 – 1797), ҳукмронии англисҳо дар Ҳиндустон, истилои Миср аз тарафи франсавиҳо (1798) ва оид ба таърих ва географияи асри 18 Англия, Россия ва Америка маъ­лумоти пурарзиш медиҳад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …