Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Аблуллатифи Ҷомӣ

Аблуллатифи Ҷомӣ

Аблуллатифи Ҷомӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Дар зодгоҳаш шаҳри  таҳсил намуда, ба камол расидааст. Аз авлоди Аҳмади Ҷомӣ буд. Бино ба маълумо­ти сарчашмаҳо Аблуллатифи Ҷомӣ аз улуми мутадовили замон – адабиёт, фиқҳ, иншо, забони арабӣ ва ғайра баҳраманд гардида, дар муҳити худ шӯҳрати зиёде доштааст. Барои такмили таҳсил ба кишварҳои Шарқ сафар карда, бо аҳли илму адаб ҳамсӯҳбат шудааст. Дар як байташ мегӯяд:

Дар сафар гаштану ин бесарусомонии мо,

Бадри ҷамъияти дилхост парешонии мо.

Мувофиқи маълумоти тазкиранигори асри 16 Хоҷа Ҳасани Нисории Бухороӣ («Музаккир-ул-аҳбоб») Абдуллатифи Ҷомӣ ба туркӣ низ шеър мегуфтааст. Абдуллатифи Ҷомӣ бо нигоштаҳои худ дар адабиёти тоҷики асри 16 мақоми баланд дорад. Рубоии зерин аз уст:

Хуршеди намоли дӯст тобон шудааст,

Олам зи фурӯғи ӯ гулистон шудааст.

Ҳар зарра, ки дар кавну макон мебинӣ,

Аз партави рӯи дӯст рахшон шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …