Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуллатифи Ҳисорӣ

Абдуллатифи Ҳисорӣ

Абдуллатифи Ҳисорӣ (соли таваллдуд ва вафоташ номаълум), хушнавис ва хаттоти тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Ҳисор. Бештар ба сайёҳӣ шуғл варзидааст. Дар шаҳрҳои гуногун аз устодони хушнавис таълим гирифтааст. Абдуллатифи Ҳисорӣ дар ибтидо услуби хати ороишии Намадии Ҳиндиро пазируфта, онро ба хубӣ омӯхтааст. Баъдтар услу­би хати Зиёи Хуҷандиро қабул кард.

Китобати Абдуллатифи Ҳисорӣ хеле эътибор доштааст, ки хушнависи хуҷандӣ Мирзо Ҳошими Хуҷандӣ ба он баҳои баланд додаст. Хаттотони маъруфи он за­мон Абдулғаффор Маҳдуми Булбул ва Турдиалӣ аз ҷумлаи шогирдони Абдуллатифи Ҳисорӣ мебошад. Хати зебо ва моҳирона китобатшудаи сакфи бинои ҳозираи Музейи Қӯқанд (арки собиқ) ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …