Абдуллатифи Балхӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 10). Бино ба маълумоти тазкиранависон, дар ашъори ӯ эҷодиёти даҳанакии халқ ва забони гуфтугӯй таъсири зиёд дорад.
Аз мероси адабии Абдуллатифи Балхӣ достони «Иброҳими Адҳам» боқӣ мондааст, ки дар он қиссаю ривоят ва каромату хориқулодоти яке аз намояндагони бузурги тасаввуфи ибтидоӣ- Иброҳими Адҳам гирдоварӣ шудаанд.