Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдуллаев Аҳмад

Абдуллаев Аҳмад

Абдуллаев Аҳмад (таваллудаш 15. 3. 1936, деҳаи Бибиширини ноҳияи Бойсуни Ӯзбекистон), адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1984). Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1957). Муаллими мактаби миёна дар Бойсун (1957 -1959), аспиранти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1959 – 1962), ходими илмии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1962 – 1988), профессори УДТ (1988 -1990), мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДАТ (1990 – 1996). Аз соли 1996 профессори кафедраи филологияи Донишкадаи давлатии шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Зиёда аз 10 монография ва 200 рисолаву мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва илмӣ- методӣ таълиф намудааст. Абдуллоев асосан ба адабиёти форс-тоҷики асрҳои 11 – 12 ва намояндагони он Адиб Собири Тирмизӣ, Заҳири Форёбӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Абулфараҷи Рунӣ ва дигарон таваҷҷуҳи хосса дорад. Дар баробари омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоирону адибони мазкур дар навиштаҳои Абдуллоев ҷараёни адабии ин қарнҳо, масъалаҳои анвоъ ва услуби шеър, махсусан ашъори гиноӣ, майлу равияҳои адабӣ, хусусиятҳои иҷтимоии адабиёт, оҳангҳои демократӣ ва оҳангҳои «деҳқонӣ»-и назм, хусусияти адабиё­ти дарборӣ ва ғайра таҳлилу баррасӣ шудаанд. Бозёфтҳои Абдуллоев дар омӯзиши осори Рӯдакӣ, кашфи абёти нав, қасидаи «Фигония»-и Рӯдакӣ ҷолиби диққатанд. Абдуллоев дар баробари таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти як зумра шоирону нависандагон осори онҳоро низ ба табъ расонидааст.

Девони комили Адиб Собири Тирмизии омоданамудааш соли 2001 ба табъ расид ва барои ин кор ӯ ҷоизаи махсуси Президентӣ ҶИЗ Сайид Муҳаммади Ҳотамиро гирифт. Аз охири солҳои 90 асри 20 Абдуллоев ба омӯзиши масъалаи басо муҳимми адабиётшиносии тоҷику ӯзбек – равобити адабии ин ду халқ дар мисоли Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, Навоӣ ва таваҷҷуҳаш ба ашъори Рӯдакӣ, Анварӣ, Навоӣ ва шоирони Бадахшон машғул аст.

Абдуллоев натанҳо муҳаққиқи адабиёти классикии форс- тоҷик, балки муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷик низ мебошад. Дар бораи С. Айнӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Лоиқ, М. Қаноат, Гулназар, Б. Собир ва дигарон мақолаҳои пурмухтаво нигоштааст. Китоби «Мирзо Турсунзо­да. Шеър ва достонҳо» (бо ҳамкории П. Турсунзода, Д., 1991) намунае аз заҳмати Абдуллоев дар ин бобат аст. Таҳти роҳбарии Абдуллоев 10 нафар рисолаҳои номзадӣ илмро дифоъ намудаанд. Абдуллоев дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок кардааст.

Ос.: Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дуюми асрн XI ва аввали асри XII (хамроҳи С. Саъдиев), Д., 1986; Сабақи Рӯдакӣ, ҷилдҳои 1,2, Д., 1984, 1991; Абулқосими Фирдавсӣ, Д., 1987; Адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 9), Д., 1990; Тасаввуф ва намояндагони он, Тошкент, 2009.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …