Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулқодири Гӯянда

Абдулқодири Гӯянда

Абдулқодири Гӯянда Хоҷа Камолуд дин (Низомуддин) ибни Райбӣ ибни Айнӣ (1376, деҳаи Нойини вилояти Исфаҳон – 1435, Ҳирот), сароянда, навозанда, мусиқидон ва оҳангсози машҳури форсу тоҷик ва шарқ. Бино ба ахбори Давлатшоҳи Самарқандӣ («Тазкират-уш-шуаро»), Дарвешалии Ҷангӣ («Тӯҳфат-ус-сурур») ва Исфизорӣ («Равзат-ул- ҷиннот. ..») Абдулқодири Гӯянда бо шайх Саъдии Шерозӣ қаробати авлодӣ доштааст. Дар 10- солагӣ илмҳои сарфу наҳв, маонӣ ва ғайраро омӯхтааст.

Илми мусиқӣ ва таркиботи онро дар назди падар таълим гирифтаасг. Аз ҷавонӣ шеър мегуфт ва оҳанг месохт. Дар навохтани най, уд, чанг, чағона, қонун, рубоб, танбур ва ғайра маҳорати том дошт. Дар сози най ихтирооти зиёд намуда («Пешрави дор», «Савти най»), ба ашъори Рӯдакӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон дар жанру шаклҳои мусиқӣ асарҳо офаридааст.

«Амали Наср» (ғазали Саъдӣ), «Таронаи Ироқ» (ғазали Қатрон), «Амали Муҳайяр» (ғазали Камол) ба мақомҳои «Рост», «Бузург», «Ироқ», «Дугоҳ» ва «Таснифи Хоҷа Абдулқодир», «Амали Тарона» (ғазали Саъдӣ), «Савти Ушшоқ» (ғазали Ҳофиз), «Мустазоди Наво», «Амали Рост», «Амали Бӯстон», «Ама­ли Гесу», «Амали Гулистон», «Амали Хористон» (бар ашъори Саъдӣ) аз ҷумлаи таснифоти машҳури Абдулқодири Гӯянда мебошанд.

Бештари асарҳои назарии Абдулқодири Гӯянда («Мақосид-ул-алхон», «Ҷомеъ-ул- алхон», «Зубдат-ул-адвор», «Лаҳния», «Нағамот-ул-адвор» ва ғайра) аз таърихи пайдоиш, давраҳои инкишофи санъати мусиқӣ, зарбу вазн, даврҳо, созҳои мусиқӣ ва пардаҳои онҳо, тарзи истифодаи зарбу вазнҳои мусиқии форс- тоҷик ва фарқи он аз мусиқии арабӣ, ҷамъу чине, бӯъду иқооти мусиқӣ ва ғайра баҳс менамоянд.

Абдулқодири Гӯянда ба асарҳои мусиқишиносони Юнони Қадим Арасту, Батлимус (Птолемей), Афлотун, Файсогурас (Пифагор) ва  форс- тоҷик Абунасри Форобӣ, Абуалии Сино, Абдулмӯъмини Урмавӣ шарҳу иловаҳо навиштааст. Рисолаҳои мусиқии Абдулқодири  Гӯянда тавассути мусиқидонони турк низ тарҷума шудаанд (ин бештар дар замони Султон Валид сурат гирифтааст).

Котибони турк ба рисолаҳои Абдулқодири Гелонӣ аз худ иловаҳо дохил кардаанд ва ӯро ба радифи мусиқи­донони турк дохил намудаанд. Нусхаҳои комили асарҳои Абдулқодири Гӯянда дар китобхонаҳои Санкт-Петербург, Бодлиён, Париж, Мадрид ва Британия маҳфузанд. Муаллифи зиёда аз 200 таронаву оҳанг. Мусиқишиносону ҳофизони асри15 Султон Муҳаммади Удии Самарқандӣ, Қутбуддини Нойӣ, Юсуфи Андиҷонӣ, Абдулмуъмини Ҳофиз, Ҳофизи Ӯбаҳӣ ва дигарон шогирдони ӯ мебошанд. Пас аз ӯ писараш Абдурраҳмон ва наберааш Абдулазиз дар тадқиқу таҳлили таркиботи мусиқӣ анъанаашро идома додаанд.

Ад.: А б д у л қ од и р и Мароғаӣ, Мақосид-ул алҳон,Т., 1345; Раҷабов И., Мақомлар масаласига доир, Тошкент, 1963; Р а ҷ а б о в А., Афкори мусиқии тоҷик дар асрҳои 12 – 15, Д., 1989; Баёзи Шашмақом, Д., 2008; Донишноман Шашмақом, Д., 2009.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …