Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулқодири Гелонӣ

Абдулқодири Гелонӣ

Абдулқодири Гелонӣ ибни Абусолеҳ Мусо ибни Абдуллоҳ иб­ни Яҳё, маъруф ба Ғавсулаъзам (1076, Гелон-1168, Бағдод), мутафаккир, мутасаввиф, асосгузори ҷараёни қодирия. Абдулқодири Гелонӣ дар синни 18-солагӣ ба Бағдод омада аз Абузакариёи Табрезӣ илмҳои маъмули замонашро омӯхт, фиқҳу тасаввуфро бағоят хуб медонист.

Таълимоти тасаввуфии ӯ ба мазҳабҳои шофеия ва ҳанбалия наздикӣ дошт. Мутобиқи иттилои маъхазҳо Абдулқодири Гелонӣ бештар ба воизӣ машғул буда, дар охири умраш гӯшанишиниро ихтиёр намудааст. Каромоти фаровонеро ба ӯ нисбат медиҳанд.

Аз Абдулқодири Гелонӣ мероси гаронбаҳои илмии бисёре боқӣ мондааст, ки асоситаринашон инҳоянд: «Футуҳ-ул-ғайб», «Башоир-ул-ҳайрот», «Ал-ғаният-ут- толибия», «Ал-фатҳ-ур-раббонӣ вал-файз-ур-раҳмонӣ»; «Мулаффазоти қодирия» ва маҷмӯаи номаҳои муал­лиф ба унвони «Мактуботу қутб-ил- муҳаққиқин ва ғавс-ул-халоиқ». Тар­ҷума ва тафсири тоҷикии қавлҳои Шайх Абулмаолӣ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (вафоташ 1095) низ ба қалами Абдулқодири Гелонӣ мансуб мебошад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …