Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулқодири Бадоюнӣ

Абдулқодири Бадоюнӣ

Абдулқодири Бадоюнӣ иб­ни Мулукшоҳ ибни Ҳомид мутаҳаллис ба «Қодирӣ» (1540, Тӯдаи Ҳиндустон – 1595), шоир, мутарҷим ва муаррихи форсизабони Ҳиндустон. Айёми ҷавонӣ ва таҳсилоташ дар Сунбҳал гузаштааст. Дар шаҳрҳои Агра ва Басовар зиндагӣ карда, дар хидмати дарбори ҳукмронони ин шаҳрҳо буд. Ҳангоми хидмат дар даргоҳи Акбар (ҳукмрониаш 1556 – 1605) фаъолияти Абдулқодири Бадоюнӣ чун таърихнигор ва мутарҷим аз забонҳои арабӣ ва санскрит ривоҷ ёфт.

Бо роҳбарӣ ва иштироки ӯ аз забони сан­скрит китобҳои «Маҳабҳарата», «Ра­маяна», «Баҳр-ул-асмор», «Таърихи Кашмир», «Синкхосинтабасӣ» (бо номи «Номаи хирадафзо») ба забо­ни форсии тоҷикӣ тарҷума карда шуданд. Абдулқодири Бадоюнӣ «Мӯъҷам-ул-булдон»-и Ёқути Ҳамавиро (1179 -1229) аз арабӣ ба форсии тоҷикӣ гардонд. Аз забо­ни арабӣ инчунин аҳодиси набавиро бо номи «Китоб-ул-аҳодис» тарҷума карда, нусхае ба Акбар бахшид.

Яке аз таълифоти муҳимми ӯ асари таърихии «Мунтахаб-ут-таворих» аст, ки бо номи «Таърихи Бадоюнӣ» шӯҳрат дорад. Ин китоб таърихи Ҳиндустонро аз замони Маҳмуди Ғазнавӣ то замо­ни зиндагии муаллиф (солҳои 90 асри 16) дар бар мегирад. Абдулқодири Бадоюнӣ дар таълифи китобе оид ба таърихи ислом аз замо­ни Муҳаммад (с) ширкат доштааст. Ду ҷилди ин китобро, ки «Таърихи алфӣ» ном дорад, А. Б. тахрир кардааст. «Интихоби чомеи Рашидй» (тахрири «Ҷомеъ-ут-таворих»-и            Рашидуддини Фазлуллоҳ) аз ҷумлаи таҳрирот ва такмилаҳои Абдулқодири Бадоюнӣ мебошад.

Ад.: Стори Ч. А. Персидская литература. Биобиблиографический обзор, т 1, М., 1972.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …