Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулқайсов Шералӣ

Абдулқайсов Шералӣ

Абдулқайсов Шералӣ (таваллудаш 15. 4. 1951, деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон), актёри театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2007). Хатмкардаи факултети санъа­ти Институти давлатии педагогии Душан­бе (1973). Аз соли 1973 актёри Театри давлатии ака­демии драмаи то­ҷик ба номи А. Лоҳутӣ. Дар саҳнаи театр ва кинои тоҷик зиёда аз 100 рол офаридааст.

Ролҳои офаридааш дар саҳнаи театр: профессор Пашков («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Лука Лу­кич («Ревизор»-и Н. В. Гогол), Ази­мов («Интихоби домод»-и Ҳ. Содиқ), Аҷузкампир («Ромео ва Ҷулйетта»-и У. Шекспир), Асад («Афсонаҳои муйсафед»-и Н. Абдулло), Отелло («Отелло»-и У. Шекспир), Гефистион («Искандар ва Спитамон»-и Б. Абдураҳмонов), Дон Жуан («Дон Жуан»-и Молйер), Чиғатойи Чингизхон («Темурмалик»- и М. Бахтӣ), Ҷомосп («Зардушт»-и Н. Табаров), Абдуннабӣ («Тахти Султон Маҳмуд»-и Ш. Солеҳ), Амир Темур («Кабки қафас»-и Т. Зулфиқоров), Ковусшоҳ («Зуҳури навини Сӯҳроб»-и Ф. Умаров) ва ғайра. Соли 2007 дар фестивали байналмилалии ОСТ – ОРДО дар шаҳри Биш­кек барои иҷрои роли Амир Темур аз намоишномаи «Кабки қафас»-и Т. Зулфиқоров соҳиби ҷоизаи роли беҳтарини мардона шудааст. Абдулқайсов чун режиссёр намоишномаҳои «Шер, Рӯбоҳ ва Ангур», «Табаралӣ ба Япо­ния меравад»-и Ш. Солеҳ «Вақти дуохонӣ»-и Ҷ. Қудус, «Харобот»-и С.

Айюбӣ ва ғайраро таҳия намудааст. Дар моноспектакли «Шер, Рӯбоҳ ва Ан­гур» (аз руйи масалҳои Эзоп) Абдулқайсов ҳам режиссёр ва ҳам иҷрокунандаи роли асосӣ мебошад. Абдулқайсов дар кино низ рол­ҳои ҷолиб офаридааст: Нуралӣ («Марди роҳ»), Қарашир («Субҳи ҷавонии мо»), Алиназар («Айёми алафҳои бе­тона»), Амир («Ал-Бухорӣ»), Соҳиб («Тӯҳмат»), муфаттиш («Пой»), Ак­бар («Падари моҳтобӣ»), Норбой («Мусофир»), падар («Дафии гургона»),  Соҳиб («Шукрона», Эронфилм).

Дар новелла ва намоишномаҳои телевизионӣ низ ҳунарнамоӣ менамояд. Абдулқайсов ҳунарманди пуркору серталаб аст. Симоҳои офаридааш мухталифу ранг ба ранг, хотирмон ва ҷолиби диққат буда, аз маҳорати баланди актёрии ӯ дарак медиҳанд. Ҳадафи асосин эҷодиаш эҳёи қудрати худшиносӣ, солимии ҷомеа, баланд бардоштани маънавиёти мардум мебошад. Ҳамзамон аз соли 1996 муаллими калон, аз соли 2009 дотсент ва мудири кафедраи маҳорати актёрии ДДСТ ба номи М. Турсунзода аст.      

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …