Абдулкарими Бухороӣ (соли таваллудаш номаълум, Бухоро – вафоташ 1830, И стамбул) таърихдон, географ, сайёҳи тоҷик. Амир Ҳайдар Абдулкарими Бухороиро соли 1804 дар ҳайати намояндагону сафирон ба Россия фиристод. Ӯ дар шаҳрҳои Петербург, Москва ва Астрахан будааст.
Соли 1807 чун саркотиб ба шаҳри Истамбули Туркия фиристода шуд. Дар Истамбул оиладор шуда, то охири умр ҳамон ҷо ҳаёт ба сар бурдааст. Аз Абдулкарими Бухороӣ дар бораи таърихи Туркистону Афғонистон асаре бо номи «Таърихи қадимӣ» боқӣ мондааст. Ин асарро шарқшиноси франсавӣ Ш. Шефер «Таърихи Осиёи Марказӣ» ном гузошта, ба забони франсавӣ тарҷума ва дар Париж чоп кардааст.