Маълумоти охирин

Абдулкарим

Абдулкарим (соли таваллуд ва вафоташ но­маълум), шоири тоҷик (асри 16). Дар тазкираҳои асри 16 ин шоир чун шахси асилзода, шоири хуштабъ, дорои суханони марғуб ва ашъори дуррбор ёд гардидааст. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар тазкирааш «Музаккир-ул-ахбоб» Абдулкаримро яке аз шогирдони худ донистааст. Абдулкарим шеърҳои худро аз назари Нисорӣ ва чанде аз аҳли қаламу ҳаммаслақони худ мегузаронид. Аз девонаш иттилое нест. Намунаҳои ашъораш ба воситаи тазкираҳо ва баёзҳо то замони мо расидаанд. Ин абёт аз ӯст:

Суруду нолаам, эй дил, аз он асар дорад,

Ки пеши ғамзаи ӯ ҷой дар ҷигар дорад.

Зи ҷамъи доираи аҳли дил бурун бодо,

Касе, ки то дами мурдан дил аз ту бардорад.

Чи гуна гаиҷи муҳаббат ниҳон кунам дар дил,

Ки он хароба ба ҳар сӯ ҳазор дар дорад…

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …