Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулҷаббор ибни Ҳоҷӣ

Абдулҷаббор ибни Ҳоҷӣ

Абдулҷаббор ибни Ҳоҷӣ Алӣ Муншии Астарободӣ (соли тав.аллуд ва ва­фот номаълум), хаттот ва хушнависи форс-тоҷик (асри 16). Абдулҷаббор устоди хати настаълиқ буда, дар дарбори Аҳмади Гелонӣ (ҳукмрониаш 1536- 1567/1568) хизмат кардааст.

Солҳои 60 асри 16 дар Қазвин асир ва дар китобхонаи шоҳ Тахмосб хаттот ва мусаввир будааст. Солҳои 70 асри 16 ба Гелон баргаштааст. Мутаассифона, то замони мо аз асарҳои китобаткардаи Абдулҷаббор чизе нарасидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …