Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулҳасанов Абдулраҳим

Абдулҳасанов Абдулраҳим

Абдулҳасанов Абдулраҳим Абдулҳамидович (таваллудаш 28. 6. 1960, деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон), арбоби риштаи ҳуқуқи тоҷик, генерал-майори адлия (2008). Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷи­кистон (1983).

Солҳои 1983 – 1986 муфаттиши прокуратураи нақлиётии Тоҷикистон, 1987 – 1891 сармуфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳим дар назди Прокурори РСС Тоҷикистон, 1991 -1992 муовини прокурори ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, 1992 прокурори Раёсати тафтишотии прокуратураи вилояти Ленинобод, 1993 – 1996 сардори Раёса­ти тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1997 – 2003 муовини прокурори вилояти Суғд, 2003 – 2007 про­курори шаҳри Истаравшан.

Солҳои 1993-1996 роҳбарии тафтиши парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои махсусан вазнини гурӯҳҳои мусаллаҳи муташаккили ҷиноятиро ба ӯҳда дошт. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (январи 2007) муовини директори ин мақомот мебошад. Барои хизматҳои арзишмандаш сазовори ме­дали «Хизмати шоиста» гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …