Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулҳамиди Котиб

Абдулҳамиди Котиб

Абдулҳамиди Котиб Абуғолиб Абдулҳамид ибни Яҳё ибни Саъд (680 – 750), нависанда, котиб (дабир)-и арабизабони эронинажод. Дар оғози фаъолият дар шаҳрҳои гуногуни Ироқ ба таълими кӯдакон машғул шудааст. Баъдан дар дево­ни халифаҳо Язид ибни Абдулмалик (ҳукмрониаш 720 – 724), Ҳишом ибни Аб­дулмалик (ҳукмрониаш 724 – 743) ва охирин халифаи умавӣ Марвон ибни Муҳаммад (ҳукмрониаш 744 – 750) хидмат кардааст. Дар замони Марвон Абдулҳамиди Котиб сарварии девони расоилро ба ӯҳда дошт ва яке аз муқаррабону мушовирони халифа гардид.

Абдулҳамиди Котиб шахси бомаърифат, донандаи таъриху адабиёт ва забони арабиву форсӣ буд. Абдулҳамиди Котиб чун нависанда, поягузори навъи адабии тарассул дар насри арабӣ маъруф гардидааст. Расоили навиштаи ӯ шӯҳрати тамом доштанд ва аксар ашхоси ба ин касб машғулбуда ба ӯ пайравӣ мекарданд. Мувофиқи ахбори Ибни Надим маҷмӯи расои­ли тадвиншудаи Абдулҳамиди Котиб беш аз ҳазор саҳифаро дар бар мегирифтааст. То замони мо миқдори кама расоили Абдулҳамиди Котиб тавассути осори таърихиву адабӣ расидаанд.

Расоили бозмонда аз Абдулҳамиди Котиб дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва шахсӣ навишта шудаанд. Яке аз рисолаҳо аз ҷониби халифа Марвон ба писараш (валиаҳдаш) иншо гар­дидааст. Номаи дигар – «Рисола ила- л-куттоб» дастурест ба котибон (дабирон) оид ба нозукиҳои ин касб ва таъкиди донишандӯзӣ дар соҳаҳои таърих, адабиёт ва дигар илмҳо. Ҳашт номаи дигар аз Абдулҳамиди Котиб расидааст, ки дар мавзӯъҳои наҳйи шатранҷ. дар васфи бародарӣ, оид ба шикор, оид ба хонаводаи хеш, зикри фатҳ, дар таваллуди фарзанд, дар бурузи як фитна ва оид ба яке аз ёгиёни ҳукумат навишта шудаанд.

Аз осори Абдулҳамиди Котиб бармеояд, ки ӯ аз осори адабиёти тоисломии эронӣ вуқуфи комил доштааст ва аз он дар таълифи рисолаҳояш истифода бурдааст. Дар баъзе рисолаҳои ӯ таъси- ри андарзномахои адабиёти пахлавй эхеос мешавад. Ба воситаи эҷодиёти Абдулҳамиди Котиб анъанаҳои адабиёти мардуми эронинажод ба насри араб гузаштаанд.

Ад.: Ибни Халл икон, Вафайот ал-аъйон ва анбоу абно-из-замон, ҷ-ҳои 1 – 8, Бейрут, 1968-1972; Фильштинский И. М., История арабской литературы, М., 1985.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …