Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулҳақов Нусратулло

Абдулҳақов Нусратулло

Абдулҳақов Нусратулло (10. 1. 1930, деҳаи Сияҳлояки ноҳияи Ховалинг  -2004, Душанбе), арбоби давлатӣ ва низомӣ, генерал-майори милитсия (1975). Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ (1946) ва Институти давлатии педагогии Кӯлобро (1948) хатм карда, дар мактабҳои ноҳияи Балҷувон даресдодааст.

Котиби якуми Комитети комсомолии ноҳияи Балҷувон (1950 – 1952), мудири шӯъбаи Комите­ти ҳизби коммунистии ҳамин ноҳия (1952 – 1953), котиби Комитети ҳизби коммунистии ноҳияи Данғара ва коти­би якуми Комитети ҳизби коммуни­стии ноҳияи Даштиҷум (1953 – 1954) буд.

Таҳсил дар Мактаби олии ҳизбии назди КМ КПСС (шаҳри Тошканд, 1956 -1960), раиси комиҷроияи ноҳияи Шаҳритуз (1961), котиби якуми Комитети ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб (1961 – 1965), котиби КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, муовини Раиси Шӯрои Вазирон ва раиси Комитети назорати ҳизбию давлатӣ (июл-декабри 1965), раиси Комитети назорати халқии ҷумҳурӣ (1965 – 1972), Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон (1972 – 1980). Бо орденҳои Байрақи сурхи меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …