Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулҳақи Деҳлавӣ

Абдулҳақи Деҳлавӣ

Абдулҳақи Деҳлавӣ ибни Сайфуддини Деҳлавии Бухороии Туркӣ (тақрибан 1551, Деҳлӣ, – 1642, ҳамон ҷо), суфии маъруф, шоир, муаррихи таърихи ислом ва географ. Гузаштагони ӯ аз Бухоро ба Деҳлӣ рафтаанд. Абдуҳақи Деҳлавӣ суфимаслак буда, пайрави тариқати қодирия будааст. Вай соли 1587 ба ҳаҷ рафта пас аз бозгашт соли 1642 дар Деҳлӣ фавтид. Оромгоҳаш дар он ҷост.

Абдулҳақи Деҳлавӣ аз зумраи донишмандон ва таҳиягарони пурмаҳсулест. Вай бештар аз 100 таълифот дар улуми мухталиф дорад. Муҳимтаринашон инҳоанд: «Ахбор-ал-ахёр» (тарҷумаи ҳол ва маноқиби аҳли тасаввуф ва ин рисола таҳти унвони «Тазкираи мусаннифини Деҳлӣ» соли 1929 дар Ҳайдаробод ба чоп расид.); «Зикр- ул-мулук» ё «Таърихи Ҳаққӣ» – таъ­рихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва низомии темуриёни Ҳинд; «Назб-ул-қулуб ила диёр-ил-маҳбуб» – рисола дар бахши таърих, география ва муҳити табиии шаҳри Макка; «Мадорин-ун-нубувва» – дар баёни таърихи Паёмбари ислом; дар асл ин асар тафсирест бар китоби «Суфар-ас-саъда ал-Фируӯзободӣ» ва дар Ҳиндустон чандин бор ба чоп расидааст; рисолаи «Аҳволи аиммаи исно ашъара» дар баёни таърихи аимма ва ислом буда, бар пояи китоби «Фасл-ул-хитоб» -и Муҳаммад Порсо навишта шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …