Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулҳаев Рақиб

Абдулҳаев Рақиб

Абдулҳаев Рақиб (таваллудаш 10. 2. 1938. деҳаи Урметан, ноҳияи Айнӣ), таърихнигор, доктори илми таърих (1993), профессор (1999), Арбоби илм ва техникаи Точикистон (1999). Хатм- кардаи УДТ (1961). Аспирант, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дони­ши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон  (1962 – 1975), дотсенти кафедраи таърихи ДДСТ ба номи Мирзо 42 Турсунзода (1976 – 1979), ходими калони илмӣ (1979 – 1988) ва мудири шӯъбаи  таърихи навини (1988 – 1998) Институти таърих, бостон­шиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз соли 1999 мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон. Тадқиқоташ ба масоили ҳаёти даврони шӯравии мардуми тоҷик, аз ҷумла барқароршавии ҳокимиятисоветӣ дар болооби Зарафшон, сохтмони маданӣ ва пешрафти маорифи халқ, рушди обёрӣ ва корам кардани заминҳои нав дар Ҷумхурии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Солҳои охир ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатии мардум таваҷҷӯҳ намуда, дар ин бобат асару мақолаҳои бисёре навиштааст.

Ос: Упрочение советской власти в районах верховьев Зерафшана (1918 – 1923), Д., 1970; Рамзи дӯстии вайроннашаванда, Д., 1982; Ча- роғи маърифат. Д., 1987; Развитие ирригации и освоение новых земель в Таджикистане, Д., 1988; Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (сол­ҳои 1924 – 1941), қисми 1, Д., 2003; Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (солҳои 1946 -1960), қисми 2, Д., Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (солҳои 1961 – 2000), қисми 3, Д., 2008.

Ад.: Абдулҳаев Рақиб Абдулҳаевич (библиография), Д., 2008.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …