Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулғафури Лорӣ

Абдулғафури Лорӣ

Абдулғафури Лорӣ Бадеуддин (дар баъзе сарчашмаҳо Разиуддин омадааст; тақрибан солҳои 40 асри 15 – 1506, Ҳирот), донишманд, ориф ва фақеҳи форс-тоҷик. Дар сарчашмаҳои таърихию динӣ ва адабӣ чун шахси таҳсилдида, огоҳ аз улуми мутадовилаи замонаш тавсиф шудааст.

Рутбаи Мавлоно гирифтани Абдулғафури Лорӣ гувоҳи он аст, ки ӯ ба дараҷаи баланди илму фазли замони худ ба устодӣ расида будааст. Писари Ҳусаин Во­изи Кошифӣ адиби маъруф Фахруддин Алии Сафӣ яке аз шогирдони ӯст. Дар таърихи илму адаб чун нависандаи шарҳу ҳошияҳо машҳур аст. Абдулғафури Лорӣ аз машҳуртарин шогирдони Абдурраҳмони Ҷомӣ буд.

Бо дархости фарзанди Ҷомӣ – Зиёуддин Юсуф бар «Нафаҳот-ул-унс» ва «Фавоиди Зиёия»-и Ҷомӣ шарҳу ҳошия баста, мушкилоти онҳоро тавзеҳ додааст. Ин асар ба ғайр аз ҳавошӣ боз шарҳи ҳол ва тавсифи осори Ҷомиро дар бар гирифта, чун намунаи асари ёддоштйӯӣ эътироф гардидааст. Забону услуби он содаву равон аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …