Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдулфаттоҳ ибни Мулло

Абдулфаттоҳ ибни Мулло

Абдулфаттоҳ ибни Мулло Абдулхалили Ҷӯйборӣ (соли таваллуд ва ва­фот номаълум), хаттоти тоҷик (нимаи дуюми асри 19 – ибтидои асри 20). Зодгоҳаш Бухоро.

Дар навиштани чанд навъи хат, бахусус анвои хати настаълик машҳур будааст ва китоби бисёреро бо хати зебову хоно китобат наму­дааст.

«Кимиё» ном китобе бо хати зебои ӯ рӯнавис шудааст, ки аз 303 варақ иборат буда, таҳти рақами 1561 дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …