Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулазизи Махсум

Абдулазизи Махсум

Абдулазизи Махсум (соли таваллуд ва вафоташ намаълум), ҳофиз, навозанда, шоир ва мусиқидони машҳури тоҷик (асри 19). Зодгоҳаш Бухоро, дар ҳамон ҷо аз олам гузаштааст, Ӯ аз ҷавонӣ ба омӯхтани санъати сарояндагӣ ва навозандагӣ пардохта, ба дараҷаи устодӣ расидааст.

Барои такмили пешаи овозхонӣ, сознавозӣ, фарогирии қавонини шеърию мусиқӣ назди Аҳмади Дониш, Қорӣ Каромати Дилкаш ва дигар устодони мусиқӣ дониш андӯхтааст. Абдулазиз  Махсум чун созанда «Шашмақом»-ро хуб иҷро мекардааст ва дар такмили қисмҳои «Савт», «Талқин», «Уфар» ҳисса гузоштааст.

Абдулазизи Махсум чун устоди мусиқидон ва навозандаи бомаҳорат дар байни аҳли ҳунари Бухоро ва берун аз он бо номи «Абдулазизи Савтӣ» маъруф будааст. Абдулазизи Махсум ғазалҳои некӯ низ сурудааст. Дар доираҳои адабӣ бо тахаллуси «Савтӣ» маъруф буд.

Ад.: Таджикская музыка, Д., 2003; Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.           

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …