Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдулазизи Мароға

Абдулазизи Мароға

Абдулазизи Мароғаӣ Нуриддин ибни Абдураҳмон ( соли таваллуд вафоташ номаълум), оҳангсоз, сароянда, навозанда ва мусиқишиноси форсу тоҷик (нимаи дуюми асри 15-аввали асри 16). Дар деҳаи Нойини вилояти Исфаҳон таваллуд шуда, дар Исфаҳон фавтидааст. Набераи устоди бузурги мусиқӣ Абдулқодири Гӯянда. Асосҳои илмию амалии мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Аз ҷавонӣ дар сурудхонӣ, сознавозӣ (барбат, най, қонун ва ғайра) маҳорати хуб пайдо намуда, сабки бобояшро идома медиҳад. Ӯ муддате дар Шероз, Мароға, Исфаҳон, Ҳирот зиста, таркиботи мусиқии назариявӣ ва амалиро омӯхтааст.

Поёни умр ба Рум рафта дар боргоҳи сулолаи Оли Усмон аввал чун котибу китобдор, баъд чун созандаву сароянда хидмат кардааст. Абдулазизи Мароғаӣ баробари такмили санъати мусиқии амалӣ, инчунин оид ба қоида, масъалаҳои муҳими иҷрокунандагӣ, тартиботи мақомҳо асари назариявие бо унвони «Нақавот-ул-адвор» иншо наму­да, онро ба Султон Сулаймон (Оли Усмон) бахшидааст. Ӯ дар асараш нуқтаю андешаҳои таҳқиқии бобо ва падарашро идома дода, аз ҷумла дар таснифоти созҳо, фосилаю зарб, тартиби мақомҳо, инчунин баъзе гуфтаҳои носаҳеҳи Абулмуъмини Сафиуддинро пурра кардааст.

Масалан, ӯ дар асоси асарҳои бобояш Абдул­қодири Гӯянда «Мақосид-ул-алҳон», «Номеъ-ул-алхон», «Лаҳния», «Канз- ул-алхон» ва рисолаи падараш «Мақосид-ул-адвор» сохт, тартиби пурраи 84 доираи Абулмуъмини Сафиуддин ва 7 доираи афзудаи бобояшро тафсир дода, нӯҳ доираи дигар илова кард ва адади онро ба сад расонид. Абдулазизи Мароғаӣ дар сохти торию пардавии созҳои тории мизробӣ низ тағйироте дароварда, онро дар мисоли уд таҳқиқ намуд ва ба теъдоди торҳои он тори иловагиеро бо номи «мукаммал» афзуд. «Нақавот-ул-адвор»-и Абдулазизи Мароғаӣ дар китобхонаҳои Туркия ва Британияи Кабир маҳфуз аст.

Ад.: Раҷабов А., Афкори мусиқии тоҷик дар асрҳои XII – XV, Д., 1989; Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.       

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …