Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуласанов Абдулназар

Абдуласанов Абдулназар

Абдуласанов Абдулназар Абдуназарович (таваллдуаш 21. 10. 1944, шаҳри Хоруғи ВМКБ), ходими ҳарбии тоҷик, генерал-майор (1997). Хатмкардаи курсҳои яксолаи омӯзишгоҳҳои олии умумиқушунии фармондеҳии шаҳрҳои Боку (1967) ва Тошкант (1968), Академияи ҳарбии ба номи М. А. Фрунзеи шаҳри Москва (1986). Солҳои 1967 -19 90 дар ҷузъу томҳои гуногуни Округи ҳарбии Туркистон ба сифати командири взвод, рота, баталион, сардори ситод ва коменданти ҳарбии комендатураи ҳарбии гарнизони шаҳри Самарқанд кор кардааст.

Афсари калони шӯъбаи қушуни Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992 – 93), коменданти ҳарбии шаҳри Душанбе (1993 – 1997), муовини Вазири мудофиа – фармондеҳи Қушунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи (1997 – 2005). Аз соли 2005 атташеи ҳарбӣ дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитоӣ. Бо орденҳои «Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР», «Ситораи Сурх» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …