Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуламонов Қозимамад

Абдуламонов Қозимамад

Абдуламонов Қозимамад (таваллудаш 13. 11. 1948, деҳаи Барочи ноҳияи Роштқалъа), агроном, доктори илмҳои кишоварзӣ (2003), профессор (2005). Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1971). Фаъолияти меҳнатиаш дар Институти биологии Помири АИ НТ оғоз ёфта, ба ҳайси лаборанти калон, ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири лабораторияи генетикаю селексияи растаниҳо кор карда­аст.

Аз соли 2008 муовини директор оид ба илми ҳамин пажӯҳишгоҳ мебошад. Дои ба селексия ва генетикаи зироати ғалладона ва лубиёгии навъи маҳаллӣ тадқиқот мебарад. Навъҳои серҳосили гандуму нави ба шароити кӯҳистон ва касалиҳо тобоварро ба вуҷуд овардааст.

Ос.: Некоторые результаты селекции сельско­хозяйственных растений на Западном Памире, дар кит.: Биологические ресурсы Памира, Д., 2002; Селекция ячменя и тритикале на Западном Памире, Д., 2005.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …