Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБДУҶАББОР ибни Абдурраҳмон

АБДУҶАББОР ибни Абдурраҳмон

АБДУҶАББОР ибни Абдурраҳмон (соли таваллуд  номаълум – вафот 761, Бағдод), волӣ ва омили Хуросон (757 – 759),| роҳбари бонуфузи шӯришчиёни зид- ди хилофат, дӯсти вафодори Абумуслими Хуросонӣ ва ёрдамчии Муканнаъ. Пас аз марги Абумуслим (замони шӯриши Устоз Сияс), Абдуҷаббор Муканнаъро ёрдамчии худ интихоб кард. Аз ха­лифа Мансур ислоҳи сиёсати молиётии ҳукуматро дар Хуросон дархост намуд.

Вақте ки натиҷае ҳосил нашуд, худи Абдуҷаббор алайҳи хилофати Аббосиён бо парчами сафед қиём кард, пас аз он амалан мустақил гашт. Дар ин шӯришҳо Абдуҷаббор ва Муканнаъ ҳамдаст буданд. Дар кӯтоҳтарин за­мон киёми Абдуҷаббор густариш ёфт. Халифа Мансур аввалин писараш Маҳдиро бо лашкари бисёре ба Хуросон равона кард ва дертар худаш расида омад. Шӯриш бераҳмона саркӯб шуд.

Абдуҷаббор аз Хуросон фирор кард, вале ӯро дастгир намуда, назди халифа Ман­сур фиристоданд. Абдуҷабборро бо фармони халифа бо гурӯҳе аз тарафдоронаш ба дор кашиданд, хонаводаашро ба Яман бадарға намуданд. Қиёми Абдуҷаббор, бешубҳа, яке аз бахшҳои мухими силсилаи наҳзатҳои озодихоҳии мардуми Хуросон алайҳи аъроб ва хило­фат мебошад. Баъзе аз муаллифон навиштаанд, ки Абдуҷаббор қоидаву қонунҳои сафедҷомагонро эътироф мекардааст. Нигаред низ Муқаннаъ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …