Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуғаффоров Абдуқаҳҳор

Абдуғаффоров Абдуқаҳҳор

Абдуғаффоров Абдуқаҳҳор (таваллудаш 12.2.1953, Ленинобод), иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1995), профессори (1996). Хатмкардаи УДТ (1975), Ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии ҳамин донишгоҳ (1975 – 1976), аспиранти Донишгоҳи давлатии Москва (1977-80), муаллими калон, дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии УДТ (1981 – 1991), дотсент, муовини декани факултети иқтисодиёт (1992-1996), муди­ри кафедраи «Менеҷмент ва соҳибкорӣ»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  (1996 – 1998). Аз соли 1988 директори шӯъбаи дар Хуҷанд будаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон.

Абдуғаффоров  оид ба масъалаҳои назариявии ташаккули тамсилаи иқтисоди бозорӣ дар Тоҷикистон, махсуриятҳои иқтисодӣ ва мустақилии муассисаҳо дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ, давраҳои гузариш ва масоили рушди замони иқтисоди бозорӣ, рушди муносибатҳои бозоргонӣ ва пойдоршавии системам андоз ва андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра зиёда аз 90 асару мақолаҳои илмӣ ба табъ расонидааст.

Ос.: Экономическая обособленность и само­стоятельность предприятий в условиях перехода к рыночным хозяйствам, X., 1993; Рыночная экономика РТ: этапы перехода и проблемы развития, X., 1998; Теоретические проблемы формирования модели рыночной экономии Таджикистана, X., 2006.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …