Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдуғаффори Абдуҷаббор

Абдуғаффори Абдуҷаббор

Абдуғаффори Абдуҷаббор (Абдуҷабборов; таваллуд  11. 8. 1956, Конибодом), нависанда, тарҷумон ва драматурги тоҷик. Хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи давла­тии Ленинград (1979). Фаъолияташ чун рӯзноманигор дар газетаи «Вечерный Душанбе» оғоз ёфтааст. Хидмат дар Артиши Шуравӣ (1980-81). Муҳаррир, мудири шуъба, сармуҳаррири идораҳои гуногуни Телевизиони Ватании Т (1981-88), директори шуъбаи тоҷикистонии «Союзтеатр», директори генералӣ, котиби Иттифоҷи ҳодимони театр и Тоҷикистон (1988 – 95), сармуҳаррири идораи байналхалқӣ, муовини директори ТВТ ва роҳбари «Тоҷиктелефилм» (1995 – 2004).

Аз соли 2004 роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ҳамзамон аз соли 2010 сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ-бадеии «Шарқу  Ғарб». Абдуғаффори Абдуҷаббор муаллифи беш аз 1500 барномаи те­левизионӣ, филмномаҳо асарҳои бадеӣ, публитсистӣ, ҳикоёт, қиссаҳо ва драмаҳо мебошад. Абдуғаффори Абдуҷаббор «Дарсҳои франсузӣ»-и В. Распутин, «Сад соли танҳоӣ», «Ба полковник касе наменависад»-и Габриэл Гарсиа Маркес, «Моҳ ва фулус»-и Соммер сет Моэм, асарҳои публитсистии Президенти Қазокистон Нурсултон Назарбоев «Роҳи қазоқистонӣ» «Дар дали Евроосиё», «Ормону орзуҳо дар фарҳанги муосири Чин»-и Суан Сзеч жян ва ғайраро ба забони тоҷикӣ гардонидааст.

Ба қалами Абдуғаффори  Абдуҷаббор пиесаҳои «Сухони қазо» (1994), «Шарофат» (1996), «Масал бигӯ, Эзоп» (2006): «Аспи захмхурда» (2009), «Тулӯъ Муқоламаҳои академик» (2010), тарҷумаи пиесаҳои баъзе драманависони турк ва қиргиз тааллуқ доранд. Дар матбуот ва дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ очеркҳову мақолаҳо ва лавҳаҳояш ба табъ расидаанд. Дорандаи ҷоизаҳои ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1998) ва Ассотсиатсияи публитсистониТоҷикистон (2008) мебошад. Бо Ордени «Шараф» (дараҷаи II) сарфароз гардидааст. Узви вобастаи Академияи мусаввирии Тоҷикистон (2010), узви ИЖ Тоҷикистон (1988), Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон (1990), ИН Тоҷикистон (1997), Ассотсиатси­яи публитсистони Тоҷикистон (2007).

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …