Маълумоти охирин

Абдол

Абдол (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 16). Дар зодгоҳаш – шаҳри Балхи Афғонистон таҳсил карда ба камол расидааст. Сипас ба мақсади  сайру сафар ба Озарбоҷон ба дарбори ҳукмронони он ҷо роҳ ёфт. Пас аз муддате ба Исфаҳон рафт ва ба хидмати Исмоили Сафавӣ (ҳукмрониаш 1501 -1524)дохил шуд. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо Абдол дар сурудани навъҳои гуногуни шеър, аз ҷумла ашъори мутоибавӣ ҳунарманд будааст. Абёти зерин, ки дар тазкираи «Маосири Балх» омадаанд, аз сурудаҳои Абдол мебошанд:

Зи тоби май туро ҳар гуна бар рухсор гул,

Сабзаи боғи ҷамолат андаку бисёр гул.

***

Ҳарчанд ки кори ту дар ин гунбази гардун.

Чун қадди алиф ҳеҷ хаму печ надорад,

Имрӯз макун такя бар ин ҳарф, ки фардо,

Маълуми ту гардад, ки алиф ҳеҷ надорад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …