Маълумоти охирин
Главная / Илм / Абдол

Абдол

Абдол (аз арабӣ ҷойнишин, ивазкунанда, халифа), як зинаи силсилаи маротиби машоихи суфия, ки аз ҳафт тан орифони поку нексиришт иборатанд. Тибқи иттилои муҳаққиқи Эронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯб, бузургони суфия, ки иборат аз 356 нафар мебошанд, аз рӯи мақому манзалати ишғолкардаашон дар маърифати тасаввуфӯ силсилаи маротиберо ташкил медиҳанд, ки дар он қутб дар раъси ин силсила қарор дорад, сипас нақиб (сетанон), баъд Абдол (ҳафттанон) ва баъд мартабаҳои дигар хоҳанд омад.

Дар ин силсилаи маротиб Абдол мақоми махсуси васатӣ дорад ва дар олами улвӣ низ томи­ли намоди (символ) худ мебошад. Рӯзбаҳони Бақлӣ дар «Абҳар-ул- ошиқин» оварда, ки дар канори ситораи қутбӣ дар осмони бекарон ба сурати фалаки «хирс» ҳафт ҷисми мунири осмонӣ (ситораи ҳафтдодарон) вуҷуд доранд, ки ин намодест аз ҳафт машоихи бузурги суфия. Ин машоих бо дарки рамзу рози олами улвӣ ҳафт иқлими олами гетиро ба таври нопайҳо ба ӯҳда доранд. Ба ибораи дигар, ҳафт равзанае аз олами гетӣ ба сӯи олами малакут вуҷуд дорад, ки солиқони тариқат ба воситаи абзорҳои маърифати ирфонӣ ба кунгураи арши илоҳӣ мерасанд ва офаридгори худро дарк менамоянд.

Агар ин матлабро боз ҳам содатар карда гӯем, Абдол ё худ ҳафттанон дар мартабае аз силси­лаи маротиби машоих қарор доранд, ки ба туфайли маърифати ирфонӣ ва инояти илоҳӣ асрори ҳақиқатро бевосита дарк намуда, ҳар яке аз онҳо, дар навбати худ, мақоми қутби манотиқи як иқлими олами гетиро ба ӯҳда до­ранд ва дар ҳафт гӯшаи (иқлими) олам ҳукмфармоӣ хоҳанд кард. Дар адабиёти тасаввуфӣ соҳиби иқлими аввали олам Халилуллоҳ, соҳиби иқлими дуюм Мусо, соҳиби иқлими сеюм Ҳорун, соҳиби иқлими чаҳорум Идрис, соҳиби иқлими панҷум Яъқуб, соҳиби икқими шашум Исо ва соҳиби иқлими ҳафтум Абулбашар қаламдод шудааст.

Ҳафт ё худ Абдол бо мурури за­мон яке пас аз дигаре ҷойнишини ин пайғамбарон хоҳанд шуд. Яъне Абдол ё худ яке аз ҳафттанон агар ин дунёи фониро падруд гӯяд, ҷойи ӯро яке аз даҳтанон ва ҷойи даҳтанонро яке аз чилтанон пур хоҳад кард. Ин миқдор барои ҳамеша собит хоҳад монд. Абдол маъмулан аз низоми олам бохабаранд, орифи асмоъ ва сифати илоҳианд. Дар ирфони назарӣ ин масъала зимни баҳси масоили марбут ба Инсони комил аҳамияти хосса пайдо кард.

Ад.:Абдулҳусайни Зарринкӯб, Арзиши мероси суфия, Т., 1343, х, ш.; Абдулҳусайни Ансорӣ, Навоҳири Ғайбӣ, Нувалкишур, 1898;

  1. ш; Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ч.1,

Т., 1383 х. ш.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …