Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдии Зоминӣ Ҳаким

Абдии Зоминӣ Ҳаким

Абдии Зоминӣ Ҳаким (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 16). Дар зодгоҳаш – Зомин таҳсил карда, ба синни камолот расидааст. Ба Ҳиндустон сафар карда, бо ёрии Ҳаким Абулфатҳи Гелонӣ, ки яке аз аз наздикони шоҳи онвақта – Акбар буд, ба дарбор роҳ ёфт.

Ба сабаби мушкилоти рӯзгор ва факру нодорӣ ашъори шикоятомез мегуфтааст, аз ин рӯ ӯро аз дарбор дур карданд. Аз намунаҳои ашьораш, ки тавассути тазкираҳову баёзҳо расидаанд, бармеояд, ки ӯ шо­ири ғазал саро будааст.

Ад.:Сайид Нафисӣ,Таърихиназму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ. Т., 1344 х. ш.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …