Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдибеки Шерозӣ

Абдибеки Шерозӣ

Абдибеки Шерозӣ Хоҷа Зайнулобиддини Алӣ (19. 8. 1515, Табрез – 1580, Ардабили Эрон), шоир, таърихнигор ва мутарҷими эронӣ. Авлоду аҷдоди Абдибеки Шерозӣ аз мардуми Шероз будаанд, бинобар ин ӯ нисбаи худро Шерозӣ зикр мекард. Падари Абдибеки Шерозӣ бо дарбори шоҳ Исмоили Сафавӣ (ҳукмронӣ 1501 – 1524) робитаи наздик дошт.

Бо саъйи падараш ба хидмати дарбор дохил гардид ва якчанд , сол дар Казвин, Табрез, Ардабил кору зиндагӣ кард. Соли 1553 – 1554 ба Гурҷистон сафар кард. Охири умраш дар Ардабил гузашт. Ардибеки Шерозӣ аз айёми ҷавонӣ ба фаъолияти адабӣ шурӯъ намуда, дар ибтидо бо тахаллусаш «Навидӣ» шеър менавишт. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои адабӣ Абдибеки Шерозӣ дар охири умр се девони ашъорашро мураттаб сохтааст, ки дар онҳо беш аз 10 ҳазор байт фароҳам омада буданд. Аммо то ҳол нусхае аз девонҳои шоир дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Дар миёнсолӣ ба худ тахаллуси «Абдӣ» гирифт ва маснавиҳо (се «Хамса»), асарҳои таърихӣ эҷод кард.

Дар «Хамса»-и якум маснавиҳои «Махҳан-ул-асрор», «Ҷоми ҷамшедӣ», «Маҷнун ва Лайлӣ», «Ҳафт ахтар», «Оини искандарӣ», дар «Хамса»-и дуюм маснавиҳои «Ҷавҳари фард», «Дафтари дард», «Фирдавс-ул-орифин», «Анвори таҷаллӣ», «Ҳазоин-ул-малакут», дар сеюм маснавиҳои «Равзат-ус-сифот», «Давҳат-ул-азҳор», «Ҷаннат-ул-асмор», «Зинат-ул-авроқ», «Саҳифат- ул-ихлос» фароҳам омадаанд (ҳамагӣ 54947 байт). «Хамса»-и сеюми Ардибеки Шерозӣ бо номи «Ҷаннат-ул-адн» машҳур аст. Аксар маснавиҳои Ардибеки Шерозӣ дар шакли нусхаҳои дастнависи аслӣ (автограф) ва ё нусхаҳои дар замони зиндагии шоир, ё каме баъдтар китобатшуда то рӯзгори мо расидаанд. Маснавиҳои Ардибеки Шерозӣ дар пайравӣ ва ҷавоби маснавиҳои Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон шоирони форс-тоҷик навишта шудаанд.

Дар маснавиҳои Ардибеки Шерозӣ пойтахти онвақтаи Сафавиён шаҳри  Қазвин, табиат, боғҳо, меваҷоти он, ороиш, нақшу нигори касри шоҳ ва ғайра тавсиф шудаанд. Ба ибораи худи Ардибеки Шерозӣ ғайр аз «Хамса» боз ду маснавии дигар – «Саломон ва Абсол», «Тарабнома» таълиф карда будааст. Аз ин маснавиҳо то хол нусхаи дастнависе дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Ардибеки  Шерозӣ инчунин муаллифи асарҳои таърихии «Такмилат- ул-ахбор» (таърихи умумӣ), «Сареҳ- ул-мулк» (доир ба вақфҳои шайх Сафӣ – ҷадди сулолаи Сафавиён) ва «Дебочат-ул-баён» (ҳоло дастрас на­гардидааст) мебошад. Ардибеки Шерозӣ ду асарро, ки ба таърихи пайғамбар Му­ҳаммад (с) ва халифа Алӣ бахшида шудаанд, аз забони арабӣ ба форсӣ тарҷума кардааст.

Дар осори Ардибеки Шерозӣ воқеаҳову масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии асри 16 Эрон инъикос ёфтаанд. Забони осори Ардибеки Шерозӣ сода ва оммафаҳм аст. Бо саъю кӯшиши шарқшиноси озарбойҷонй А. Раҳимов маснавиҳои «Маҷнун ва Лайлӣ» (1966, 1967), «Равзат-ус- сифат» (1974), «Давхат-ул-азҳор» (1974), «Ҳафт ахтар» (1974), «Оини искандарӣ» (1977), «Ҷаннат-ул-ас- мор», «Зинат-ул-авроқ», «Саҳифат- ул-ихлос», «Ҷавҳари фард» (1979), «Махзан-ул-асрор» (1986) дар Мос­ква ба табъ расидаанд.

Ад.: РагимовА., Жизнь и творчество Абди- бека Шираэи, дар кит. Абдибек Шираэи. Мадж* нун и Лайлй. Критический текст и предисловие А. Рагимова, М., 1966.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …