Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдӣ Абдуллоҳхоҷа

Абдӣ Абдуллоҳхоҷа

Абдӣ Абдуллоҳхоҷа (1870, Бухоро – 1922, ҳамон ҷо), тазкиранигор ва шоири тоҷик. Аз оилаи шахси фозилу донишманд, мудариси мадрасаи Искандархони Бухоро Мухторхоҷа. Ин шахе дар вилоятҳои гуногуни Аморати Бухоро машғули корҳои давлатӣ буд. Абдӣ таҳсили ибтидоиро дар назди падараш гирифт ва баъдан таҳсилро дар мадрасаҳои Бухоро идома дод. Баъд аз анҷоми таҳсил ба мударрисӣ шурӯъ кард. То охири умр ба ин касб машғул буд. Аэ Абдӣ асаре бо номи «Тазкират-уш-шуаро», касидаҳо, ғазалҳо ва пораҳои ба шакли маснавӣ навишташуда, ки дар тазкираҳову баёзҳо сабт гардидаанд, боқи мондаанд, Абёти зерин аз уст:

Хуршеди рухат чун зи сари кӯй барояд,

Фарёди зану мард зи ҳар сӯй барояд.

Афтода ба рӯҳ ҳоли ту чун мурда аҷаб нест,

Дар оташ агар мурдаи ҳиндуй барояд.

Абдӣ зи хамири сухан ар мӯй ҷудо кард,

Аз ҳар суханаш боз дусад мӯй барояд.

Ос.: Тазкиратушшуарои Абдуллохоҷаи Абдӣ, Д. 1983.

Ад.; Тазкиратушшуарои Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Мӯҳтарам, Д., 1975.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …