Маълумоти охирин
Главная / Илм / Аббоси III

Аббоси III

Аббоси Ш (таваллудаш 1732 – 1740), ёздаҳумин ва охирин подшоҳи Сафа­виён. Писари хурдсоли шоҳ Таҳмосби II. Ӯро сипаҳсолори пурқудрат Нодирқулибеки афшор соли 1726 баъди аз салтанат барканор намудани Тахҳмосби II ба тахти салтанат нишонд ва худ то соли 1736 аз номи ӯ ҳукмронӣ кард. Соли 1376 Нодирқулӣ Аббоси Ш-ро низ барканор намуда, худ ба тахти салтанати Эрон нишаст ва номи Ноибуссалтанаи Эронро гирифт. Соли 1740 Аббоси III ҳамроҳи бародараш Исмоил ва падараш Тахмосби II аввал дар Сабзавор маҳбус ва сипас қатл карда шуданд.

Ад.: Sауогу К.. М. Safavid Persia. //  The Cambridge е, 1970: Таърихи Эрон. Давраи Сафавиён. Пажӯҳиш аз Донишгоҳи Кембриҷ. Мутарҷим Яъқуб Ожанд, Т., 1380.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …