Маълумоти охирин

Аббос Баҳодур

Аббос  Баҳодур (соли таваллудаш номаълум – вафоташ 1388), яке аз сипоҳсолорони машҳури амир Темур. Аббос  Баҳодур аз қабилаи қипчоқ буд ва ҳамин насабро ҳам дошт. Азбаски ӯ ба тумон (сипоҳе, ки аз даҳ ҳазор нафар иборат аст) фармондеҳӣ мекард, лақаби «Баҳодур» гирифта буд.

Аббос Баҳодур дар ҷангҳои зидди хонҳои Муғулистон (1362 – 1364); «Ҷанги лой» (1365); амалиёти ҳарбӣ алайҳи қиёми Сарбадорони Самарқанд (1365 – 1366); забти Балх (1370); тасарруф ва қатли оми Хоразм (1386); фатҳи Ҳирот ва лашкаркашӣ ба Эрон (1386) ҳамчун сарфармондеҳи сипоҳи Темур бевосита иштирок кардаасг. Соли 1388 дар муҳорибаи зидди Тухтамишхон дар мавзеи Чукалак (5 км шарқтари Утрор) ҳалок гардид.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …