Маълумоти охирин

Аббат

Аббат (лотинӣ аbbas, юн. аbba, оромӣ аbo— падар), дар калисои католикӣ роҳбалад ва пири дайр, қисман соҳибваколати роҳибони насронӣ, падари рӯҳонӣ, устод ва пешвои диндорон дар ҷамъияти роҳибон. Салоҳияти Аббат аз рӯи низомномаву қавоиди дайрӣ, ки муаллифону мураттибонаш Василий Великий (асри 4) ва Бенедикт Нурсийский (охири асри 5 ва аввали асри 6) буданд, муқаррар карда шу­дааст. Аз соли 530 ба Аббат ваколати якумра дода мешавад. Аббат дар иерархия (мартаба)-и калисоӣ баъд аз епископ ҷойи дуюмро ишғол мекард.

Дар ахирҳои 8 — 9 дар системаи сиёсии Ев­ропаи Ғарбӣ Аббас яке аз мансабҳои муҳим ва муфид ҳисоб меёфт. Арбоби давлатӣ ба роҳибону зоҳидон ба­рои ҳар гуна хизмати шоиста унвони Аббатро медоданд. Баъд аз ислоҳоти па­паи Рим Григорий VII (асри 11) Аббат аз тобеияти ҳокимияти императорӣ бароварда шуд. Аббат, ки дайри католикиро сардорӣ мекунад, одатан, аз вилояти тобеъ ба епископ интихоб ва ҳамчун Аббат қиёсан номгузорӣ карда мешавад (лотинӣ аиифҷтгдшгҷ); гарчанде ӯ  унвони епископӣ надошта бошад ҳам, доираи ҳуқуқи вай ба салоҳияти епископӣ епархиалӣ мутобиқат мекунад. Аббатзан дар рафти идоракунии дайри занона ҳамон вазифаҳоро инро ме­кунад, лекин аз ҳуқуқу мартабаи олии муқаддаси роҳибӣ маҳрум аст.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …