Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абашидзе Ираклий Виссарионович

Абашидзе Ираклий Виссарионович

Абашидзе Ираклий Виссарионович (23.11.1909, деҳаи Хони, губ. Кутаиси -1992, Тбилиси), шоир ва ходими ҷамъиятии гурҷӣ, академик АИ РСС Гурҷистон (1960). Қаҳрамони   Меҳнати Сотсиалистӣ (1979). Раиси Шӯрои Олии РСС Гурҷистон (1971). Раиси Садорати ИН Гурҷистон (1953- 1967), сармуҳаррири Энсиклопедияи Советии Гурҷистон буд. Шеърҳояш аз соли 1928 чоп шудаанд. Дар маҷмӯаҳои ӯ «Шеърҳо» (1932), «Шеърҳои нав»  (1938), силсилаи шеърҳои «Сурудҳои даравгарон», «Гурия шукуфон аст»,«Шаби шикорчиён» (1950 -19 51) ва ғайра ҳаёти нав, ишқи Ватан, меҳнати фидокорона ва диловаронаи халқи эҷодкор тараннум шудааст.

Дар мавзуи ҶБВ (1941 – 1945) ва корнамоии диловарони ҷанг шеърҳои «Капитан Бухаидзе», «Суруди марди маҷрӯх», «Ба хотираи Леселидзе» ва ғайраро офаридааст. Дар силсилаи шеърҳои «Бо пайраҳаҳои Руставели» ва «Фаластин, Фаластин» (Мукофоти давлатии Гурҷис­тон ба номи Руставели, 1966), «Ин сурудҳои Гурҷистони ман аст» (1971) зиндагии душвору мураккаб ва олами ботинии шоири бузурги гурҷӣ тасвир ёфтааст. Китобҳои «Қаробат» (1966), «Маҷмӯаи шеърҳо» (1982) аз хусуси мавқеи ҷамъиятии шоир, таъ­рихи Гурҷистону халқи кишвар, дустии халқҳо ва сулҳ баҳс мекунанд. Шеърҳои Абашидзе ба забони халқҳои собик СССР ва хориҷӣ, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ (шеърҳои «Ба шоири Ҳинд», «Ба шоирони Шарқ», «Дӯстиро завол нест», «Се қалъа») чоп шудаанд.

Ос.: Избранные стихи, Тбилиси, 1984; Ба шо­ирони Шарк. дар мачм. «Эьтикод», Д., 1982.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …