Маълумоти охирин

Абалак

Абалак (Сеratocarpus urticulosus), гиёҳест яксола, сершохубарг (аз 3 то 30 см қад мекашад). Баргу пояаш аз серпашмакӣ хокистарранг метобад. Баргаш майда (дарозиаш 0,5 – 7 см; бараш 0,2 – 1 см), дурушт, дарозрӯя ё нештаршакл (баъзан риштамонанд). Гулаш майда, сабзтоб (бештар баҳорон мешукуфад). Мевааш сегӯша, ба меваи ҷағҷағ монанд аст; дуто хори борики тез ё чангак монанд дорад.

Абалак асосан дар регзор, санглох, ҷойҳои сершибогу шӯразори биёбон, канори роҳ, замини партов (мавзеъҳои воҳаи дарёи Сир, водии Вахш, Помири Ғарбӣ, Қаторкуҳҳои Туркистон ва Зарафшон; 350 – 1800 м баландтар аз сатҳи баҳр) месабзад; абалакзор баъзан замини васеъро фаро мегирад. Абалак алафи бегонаи кишти ғалладона аст. Абалак гиёҳи шифоист. Табибони халқӣ ҷӯшоби баргашро барои нигоҳ доштани хуни бинӣ истифода мебаранд. Абалак хӯроки хуби чорвост. Онро баҳору тобистон аспу шутур ва моли майда нағз мехӯрад; гов намехӯрад. Абалак дар давраи мевабандиаш 2 – 9,5% протеин, 6 – 7% сафеда, 2% равған, 37 – 38% клетчатка ва 42 – 45% моддаҳои қиёмшавандаи бенитроген дорад.

Ад.: Комаров Б. М., Определитель расте­ний Северного Таджикистана, Д., 1967; Флора Таджикской ССР, т. 3, Л., 1968.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …