Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ААРНЕ Анти Аматус

ААРНЕ Анти Аматус

ААРНЕ Антти Аматус (5. 12. 1867, Бёрнеборг-5.2.1925), фолклоршиноси финландӣ. Дар Донишгоҳи Санкт- Петербург таҳсил намудааст (1893-1898). Пас аз хатми таҳсил ба Хелсин­ки омад ва дар Донишгоҳи Хелсинкӣ ба кор шурӯъ кард. Яке аз намояндагони мактаби таърихӣ-ҷуғрофӣ дар фолклоршиносӣ. Усулҳои техникии методи муқоисавиро таҳия ва асоснок карда, намунаҳои истифодаи онро нисбат ба афсонаҳо, ҷистонҳо, сурудҳо пешниҳод намуд. Аарне муаллифи китобҳои «Феҳристи анвои афсонаҳо» (1910), «Асосҳои омӯзиши муқоисавии афсонаҳо» (1913), «Шарҳи адабиёт оид ба афсонаҳо» (1914), «Омӯзиши муқоисавии ҷистонҳо» (ҷилдҳои 1 – 3, 1918) ва ғайра мебошад. Дар асоси системаи кори Аарне олими рус Н. П. Андреев ва афсонашиноси америкоӣ С. Томп­сон фехристи афсонаҳоро тартиб додаанд. Фолклоршиносони тоҷик Б. Тилавов, Рабиев, Р. Раҳмонӣ ва дигарон дар асарҳои худ ба методи Аарне такя намудаанд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …