Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Никулин Юрий Владимирович

Никулин Юрий Владимирович

Никулин Юрий Владимирович (таваллуд 13. 12. 1921, шахри Демидови вилояти Смоленск), артисти сирки совети, ширинкор. Артисти халкии СССР (1973). Аъзои КПСС аз соли 1943. Соли 1950 Студиял назди сирки Москваро хатм намудааст. Дар гурухи ширинкорон зери рохбарии Карандаш кор карда­аст. Хамрохи М. И. Шуйдин баромад мекунад. Никулин образи шахсии гултабиату хунсард, вале «ба кори худ хушёр»-ро офарид, ки мухолифи шарики чаккону сертараддудаш ме­бошад. Хамчун киноактёр низ шух­рат дорад. Дар як силсила филмхои мазхакави низ иштирок карда­аст: «Комилан чидди», «Саг-Барбос ва ачоиб кросс» (1961), «Амалиёти «Ы» ва дигар саргузаштхои Шурик» (1965), «Асираи кавкази» (1967), «Дасти алмоси» (1971). Ролхои драмави низ офаридааст: Кузма Иор­данов («Вакте ки дарахтон калон буданд», 1962), Глазичев («Ин чо биё, Мухтор!», 1965),Мячиков («Муйсафедони рохзан», 1972) ва гайра Лауреати Мукофоти  давлатии РСФСР (1970). Бо ордени «Нишони Фахри» ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …