Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 7-УМИ РКП(б)

СЪЕЗДИ 7-УМИ РКП(б)

СЪЕЗДИ 7-УМИ РКП(б) (Сьезди таъҷилӣ), 6—8 марти 1918 дар Петроград барпо гардид. Дар он 47 вакил бо овози ҳалкунанда ва 59 вакил бо овози машваратӣ иштирок намуд, ки намояндагони тақрибан 170 ҳазор нафар аъзои партия буданд. Дар он вақт партия бештар аз 300 ҳазор нафар аъзо дошт. Ба сабаби таъҷилӣ даъват карда шудани съезд ва аз тарафи аскарони Германия ишғол намудани як қисми терреторияи Россияи Советӣ бисёр ташкилотҳои партиявӣ вакилони худро фиристода натавонистанд.

7-sezd-rkp

Рӯзномаи съезд: Ҳисоботи ташкилии Комитети Марказии; Ҳисоботи сиёсии Комитети Марказии; Маърӯза дар бораи ҷанг ва сулҳ; Аз нав дида баромадани Программа ва номи партия; Масъалаҳои ташкилӣ; Интихоби Комитети Марказии. В. И. Ленин дар съезд 18 маротиба баромад кард. Дар ҳисоботи сессия Комитети Марказии В. И. Ленин масъалаи ҷанг ва сулҳро ҳартарафа равшан кард. Дар съезд дар байни тарафдорон ва мухолифони сулҳи Брест мубориза сар шуд. Съезд дурустии роҳи лениниро таъкид намуд. Резолюсияи ленинӣ дар бораи ҷанг ва сулҳ қабул шуд.

Съезд масъалаи тағйир додани Программа ва номи партияро дида баромад. Программаи якум (соли 1903), ки партияро ба револютсияи буржуазӣ-демократӣ ва револютсияи социаяистӣ водор мекард, иҷро гардид. Барои тартиб додани Программаи нав съезд бо сардории В. И. Ленин комиссия интихоб намуд. Съезд қарор кард, ки РСДРП минбаъд Партияи Коммунистии (болшевикони) Россия — РКП(б) номида шавад.

Дар вақти интихоби Комитети Марказии съезд ба рафтори вайронкоронаи «коммунистони чап», ки аз иштирок кардан дар интихобот даст кашиданд, дучор амад. Танҳо баъди танқиди сахт онҳо мавқеи худро тағйир доданд. Съозд Комитети Марказиро иборат аз 15 аъзо ва 8 намзад ба аъзоӣ интихоб намуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …