Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЪЕЗДИ 4-УМИ (МУТТАҲИДКУНАНДАИ) РСДРП

СЪЕЗДИ 4-УМИ (МУТТАҲИДКУНАНДАИ) РСДРП

СЪЕЗДИ 4-УМИ (МУТТАҲИДКУНАНДАИ) РСДРП, 23 апрел—8 майи соли 1906 дар Стокголм бароо гардид.

Дар он 112 вакил бо овози ҳалкунанда (намояндагони 62 ташкилот) ва 22 вакил бо овози машваратӣ иштирок карданд.

4-sezd-rsdrp

Рӯзномаи съезд: Аз нав дида баромадани программаи аграрӣ; Дар бораи моменти ҷорӣ ва вазифаҳои синфи пролетариат; Масъалаи муносибат ба Думаи давлатӣ; Шӯриши мусаллаҳ; Устави партия ва ғайра. Дар съезд В. И. Ленин оид ба масъалаи аграрӣ, дар бораи моменти ҷорӣ, дар бораи шӯриши мусаллаҳ ва ғайра нутқ кард. Съезд программаи аграрии партияро муҳокима кард. Болшевикон талаби мусодира намудани ҳамаи заминҳои помещикон ва милликунонии тамоми заминро ҳимоя карданд. Дар шароити Россия ин ягона ҳалли дурусти масъалаи аграрӣ буд. Программаи аграрии болшевикон деҳқононро ба муборизаи зиддипомешикон ва подшоҳ даъват менамуд.

Меншевикон программаи муниципаликунониизаминро ҳимоя мекарданд, ки маънои он ба ихтиёри органҳои маҳаллии худидоракунӣ (муницпалитетҳо) гузаштани замини помешикон буд ва деҳқонон мебоист заминро аз ин органҳо иҷора мегирифтанд. Съезд бо аксарияти овозҳо программаи аграрии меншевнкиро қабул кард. Меншевикон бар зидди гегемонияи пролетариат дар революция ошкоро баромад мекарданд, Думаро ҳамчун маркази умумимиллии сиёсӣ таъриф менамуданд, моҳиятан аз шуриши мусаллаҳ даст мекашиданд.

Съезд резолюцияи меншевикиро қабул кард. Съезд Устави партияро қабул намуд, ки параграфи якуми он бо ифодаи ленинӣ баён шуда буд. Аввалин бор дар Устав ифодаи болшевикӣ дар бораи сентрализми домократӣ дохил карда шуд. Съезд дар бораи муттаҳид шудан бо социал-демократияҳои Полша ва Латвия қарор қабул кард, ки онҳо ҳамчун ташкилотҳои минтақави ба ҳайати РСДРП дохил шуда, дар байни пролетариати ҳамаи миллатҳои мамлакаташон кор мебурданд. Съезд шартҳои ба РСДРП муттаҳид шудани Бундро муайян намуд. Ба ҳайати Комитети Марказӣ, ки съезд интихоб кард, 3 нафар болшевик ва 7 нафар меншевик дохил шуданд. Ҳайати таҳририяи органи марказӣ фақат аз мен шевикон иборат буд.

Дар ҳайати РСДРП-и ягона муттаҳид шудани партияҳои социал-демократии миллӣ комёбии калони съезд буд. Дар асоси принципҳои интернационализми пролетарӣ муттаҳид шудани қувваҳои революсионии синфи коргар муборизаизидди мутлақиятро осон гардонд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …